«Юнона»-тарғибгари ташаббусҳои экологӣ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»).-Маркази мусоидат бо ташаббусҳои экологӣ — «Юнона» ҳарчанд дар назди Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ амал мекунад, вале ҳама ҷавонон ва донишҷўёни пойтахтро, ки ба муҳит ва табиат майлу рағбати беандоза дошта, барои ҳифзи он талош зоҳир мекунанд, гирди ҳам овардааст.Аъзои созмони муҳофизони муҳити зист ва тармимгарони он, яъне «Юнона» дар арафаи Рўзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ба осоишгоҳ — табобатгоҳи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дараи Ромит омаданд. Онҳо дар тоза кардани гирду атроф аз партобҳо, ба тартиб даровардан ва сафед кардани роҳраву девораҳои сангин ва часпондани шиору роҳномаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштанд, зеро дар ин рўзҳо осоишгоҳ-табобатгоҳ дарҳои худро бояд ҷониби ҳоҷатмандон бикшояд ва дар се даври он қариб панҷсад нафар бознишастагон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, маъюбону беморон ва хосса, маризони касалиҳои қанд ин ҷо табобату даво гирифта, шифо ёбанд. Роҳбарияти осоишгоҳ-табобатгоҳ ва роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои чунин мададгорӣ ва ташаббускорӣ ба аъзо ва сарварони Маркази мусоидат бо ташаббусҳои экологӣ, яъне «Юнона» сипосгузорӣ карда, онҳоро ба ҳамкории минбаъда ва гирифтани дасти ҳамдигар даъват намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






