Журналистон ба истифодаи дурусти антибиотикҳоро омӯхтанд
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Маркази иттилоот оид ба маводи дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Истифодаи дурусти антибиотикҳо. Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои пешгирии он» даври омӯзишии якрӯза барои рӯзноманигорон доир гардид. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин даври омӯзишӣ боло бурдани маърифати тиббии мардум оид ба истифодаи дурусти доруҳои антибиотикӣ ва расонидани маълумоти саҳеҳу дуруст ба аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебошад. Ин даври омӯзишӣ аз ҷониби маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иттилоот оид ба маводи дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» роҳандозӣ шуд. Ширкаткунандагони ин чорабинӣ дар бораи истифодаи дурусти антибиотикҳо, таҷрибаи тавсияи доруҳо, оқибатҳои истифодаи нодуруст, худмуолиҷа ва худтавсияи доруҳо маълумоти кофӣ гирифтанд. Инчунин дар рафти даври омӯзишӣ хабарнигорон дар саҳначаҳои хурд нақши «табиб» ва «бемор»-ро иҷро карда, сипас дар муҳокимаҳои умумӣ муносибати табибон, ширкатҳои фармасевтӣ, фурӯшандагони маводи доруворӣ ва мардумро ба риштаи таҳлил кашиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






