Қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 42,7 фоиз афзуда, ба 6,5 миллиард сомонӣ баробар шуд. Таркиби сохтори он аз 38,2 фоизи қарзҳо бо пули миллӣ ва 61,8 фоизи боқимондаи қарзҳо аз асъори хориҷӣ иборат мебошад. Дар нимсолаи аввали соли равон 4,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43,8 фоиз зиёд аст. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта бо пули миллӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд гардида, бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ кам шуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 3,1 миллиард сомонӣ баробар шуда, коэффитсенти бозгашти он 74,2 фоизи қарзҳои дар нимсолаи аввал дошташударо ташкил намуд.Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда назар ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 49,8 фоиз зиёд шуда, ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 444,8 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 43,9 фоиз зиёд мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






