Қатъи ваколати се узви ММ МО ҶТ
Душанбе, 5 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ваколати се нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солеҳов дар асоси аризаҳои ҳар яке пеш аз муҳлат дар иҷлосияи чордаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат- Маҷлиси миллӣ қатъ карда шуд. Сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати ин вакилон ба кори дигар гузаштан ва иваз намудани ҷойи зисти онҳо арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки Гулхоҷа Ҷангибеков қаблан ректори Донишгоҳи Хоруғ, Султон Валиев -собиқ раиси ноҳияи Восеъ ва Баҳриддин Солеҳов собиқ раиси ноҳияи Ҳисор буданд. Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор се ҳиссаи аъзои он аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президент таъйин менамояд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 болост ва дорои маълумоти олист, ҳуқуқ дорад аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат гардад. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки узви доимии Маҷлиси миллӣ бошад. Алҳол, нахустин ва собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






