Қонуни нави Думаи Русия кори муҳоҷиронро мушкил мекунад
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»). –Шуруъ аз 9-уми август ҳаҷми ҷарима барои қоидавайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират дар шаҳрҳои Маскав, Санкт Петербург ва вилояти Ленинград афзоиш меёбад. Ҳамчунин тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин минтақаҳо пурзӯр карда мешавад. Ин меъёрҳои нав дар лоиҳаи қонуне, ки рӯзи 5 июл аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул гардид, пешбинӣ шудааст. Мувофиқи иттилои Агентии иттилоотии РИА Новости шаҳрванди хориҷие, ки дар минтақаҳои зикршуда тартиби вуруд, будубош ва қайди муҳоҷиратиро вайрон мекунад, ё ин ки мақсади будубошашро нодуруст қайд карда бошад, аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷкунии маъмурӣ нисбати он татбиқ карда мешавад. Барои чунин қоидавайронкунӣ айни замон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Русия аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ шудааст.Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ФР ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамчунин, тибқи ин дигаргунӣ, сарфи назар аз минтақа шаҳрванди хориҷие, ки тартиби вуруд, будубош, қайди муҳоҷиратӣ ва сафари транзитиро дар ФР вайрон мекунад, нисбаташ чораи ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия татбиқ мегардад. Мувофиқи меъёрҳои нав агар шахс ба ФР бо раводиди сайёҳӣ ворид гардида, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад, маротибаи якум ҷарима андохта шуда, бори дуюм аз ҳудуди Русия берун карда мешавад.Фаъолияти меҳнатӣ бидуни иҷозатномаи кор ва патент дар шаҳрҳои Маскав, Санкт -Петербург ва дар ин вилоятҳо минбаъд аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷаримаро бо эҳтимолияти ихроҷкунӣ аз ҳудуди Русия пешбинӣ менамояд. Дар ҳолати дубора такрор шудани ин намуди қоидавайронкунӣ шаҳрванди хориҷӣ дарҳол ихроҷ карда мешавад.Ҷалби ғайриқонунии муҳоҷирони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар ин 4 минтақа нисбат ба дигар манотиқ бештар мавриди ҷаримабандӣ қарор мегирад. Дар ин ҳолат ҳаҷми ҷарима барои шаҳрванди воқеӣ аз 5 то 7 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор аз 50 то 70 ҳазор рубл, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 800 то 1,5 млн рубл ё ин ки боздошти маъмурии фаъолият ба муддати аз 14 то 90 шабонарӯзро ташкил мекунад.Барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ҳангоми бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт Петербург ва ин вилоятҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо эҳтимолияти ихроҷкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.Зимни шарҳи лоиҳаи мазкур узви Президиуми Шӯрои генералии «Единая Россия», раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия Ирина Яровая изҳор доштааст, ки дар қонуни мазкур барои соҳаи сохтмонӣ муқаррароти принсипиалӣ дар назар дошта шудааст. «Мо баробари ин навгонӣ истифодаи механизми таъсиргузории ҳамбастагиро пешниҳод менамоем. Яъне мо ба доираҳои соҳибкорӣ имкон медиҳем, то нисбати корхонаҳое, ки қувваи кории хориҷиро ғайриқонунӣ ҷалб мекунанд ва дар бозор рақобати носолимро ба вуҷуд меоранд, чораандешӣ кунанд».Бар замми ин, мегӯяд И.Яровая, ҳуҷҷати мазкур барои ҷалби қувваи кории ғайриқонунӣ дар шабакаи нуқтаҳои фурӯш низ ҷавобгариро пешбинӣ менамояд. Тағйироти мазкур ҳамчунин вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки дар ФР қасдан ҷиноят содир кардаву доғи судиашон адо ва ё бекор нашудааст, ё шахсоне, ки аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода ва аз пардохти ҷаримаю андоз саркашӣ кардаанд, ба ҳудуди ФР манъ менамояд.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






