Ҳадаф-таъмини амният ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар»).- 30 июл бо ибтикори роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Солеҳҷон Завқиев дар Душанбе бо иштироки ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ҳадафи вохӯрӣ — ташкили ҳарчи беҳтари корҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ барои боз ҳам устувор намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардани ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар мебошад. Дар вохўрӣ баромадкунандагон вобаста ба ҷойгоҳи равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар равандҳои сиёсӣ ибрози ақида намуданд. Иштирокчиён зикр намуданд, ки бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи ғояи пешниҳоднамудаи Сарвари давлат- «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид гардида, ҷиҳати ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






