Ҳамоиши бонувон дар Душанбе
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар доираи баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-21 августи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамзамон ҳамоиши бонувон доир мешавад. Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ сад нафар бону ба намояндагӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок менамояд. Баргузории ҳамоиши бонувон дар чаҳорчӯбаи конфронси байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби занон ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об роҳҳои ҳалли масоили марбут ба об нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ соли 2010 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба инобат гирифта, бо дастгирии якдилонаи кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи махсус қабул намуд, ки тибқи он «Соли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи Соли байналмилалӣ дар соҳаи об дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки баргузории конфронс дар масъалаи таҳкими ҳамкориии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ ва ҳалли мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доранд, дар доираи ҳамкориҳои устувор ва ҳусни ҳамҷаворӣ нақши муассир хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






