Ҳамрохон Зарифӣ ба Қирғизистон рафт
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, бо сафарӣ корӣ озими шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон шуд. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ 13 июли соли 2013 доир мегардад.Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ рафти омодагиро ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 13 сентябри соли 2013 баргузор мегардад, баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ масоили фаъолияти кунунии Созмон, ҷанбаҳои рушди робитаҳоро дар чаҳорчӯби СҲШ мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар менамоянд.Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ҷамъбасти ҷаласа дар назар аст як қатор қарорҳо оид ба нишасти қарибулвуқуи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ қабул карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






