Ҳамрохон Зарифӣ ба Зеландияи нав рафт
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар»).-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари расмӣ ба Зеландияи Нав рафт. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар ин аввалин сафари сатҳи вазири корҳои хориҷӣ дар таърихи муносбатҳои ду кишвар буда, барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав заминаи мусоид фароҳам меоварад. Гуфта мешавад, дар доираи ин сафари расмӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо собиқ сарвазири Зеландияи Нав ва намояндаи махсуси сарвазири ин кишвар оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеландияи нав моҳи августи соли 1992 барқарор шуда, ҳанӯз заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду давлат вуҷуд надорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






