Ҳисоботи телефонии як қатор раисони ноҳияҳо ба Сарвари давлат

Июль 23, 2013 17:16

Душанбе, 23 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор телефонӣ ҳисобот доданд.Зимни ҳисобот таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, хусусан дар моҳи шарифи рамазон ва ҳамчунин фаровон захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон аз ҳар ваҷаб замини корам ва ҳамаи имконоти дигари мавҷуда пурсамар истифода баранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи рамазон ва арафаи иди саиди фитр ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бояд дасти кумак дароз карда шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони ноҳияҳои номбурда, доир ба иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои ин кор дар нимсолаи якуми соли равон ва андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.Дастуру супоришҳо, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки ба омодасозии иншооти соҳаи маориф ба соли нави хониши 2013-2014 ва ҳамчунин ба зимистони пешомад таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 23, 2013 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!