Ҷамшед Исмоилов Раиси ИАСТ интихоб шуд
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон овозхони шинохта Ҷамшед Исмоилов Раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон интихоб шуд. Бар души собиқ Раиси ИАСТ Гулмурод Малиев, ки таъсисдиҳандаи ин созмони ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад, вазифаи Раиси иҷроияи он вогузор гардид. Мавриди зикр аст, ки ИАСТ созмони ҷамъиятии навтаъсис буда, ҳадафҳои он мусоидат намудан ба такмили фаъолияти эҷодии арбобони фарҳанг, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ баҳри эҳё ва рушду такомули фарҳанги миллии тоҷик, ҳифзу тарғиби ҳамаҷонибаи дастовардҳои санъати мусиқӣ, театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ мебошанд. Айни ҳол ба ҳайати раёсати ИАСТ офарандагони асарҳои мусиқию драмавӣ — М. Меробов, Қ. Яҳёев, Б. Миралибеков, А. Хоҷаев, Н. Табаров, А. Мӯсоев, Т. Муҳаммадризо, С. Умар, М. Бадалов, Г. Одинева, Б. Мингбоев ва Ҷ. Назриев шомиланд. Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими фаъолияти Иттифоқ, аз ҷумла нашри шумораи навбатии маҷаллаи «Аноҳито», дарёфти имкониятҳои молиявӣ ва захираҳои эҷодӣ ҷиҳати кӯмаку дастгириҳои собиқадорони соҳаи санъату мусиқии касбӣ баррасӣ гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






