Ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Темурмалик, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Темурмалик дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба мардум кӯмаки тиббӣ расониданд. Дар соҳаи тиби ноҳия ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, нарасидани мутахассисони бемориҳои кӯдакона, чашм, амрози дарунӣ, таҳлилгар, духтури занона ва бемориҳои руҳӣ. Дар бунгоҳҳои тиббии деҳахои Талимазор, Гурулдӣ, Туябуюн ва Яккасада аз нарасидани мутахассисони асосӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар зинаи паст қарор дорад. Дар ин давра барои таъмини амнияти санитарию эпидемологии аҳолӣ мутахассисони соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, марказ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ нуқтаҳои хизматрасониро санҷида, ба 41 ташкилоту муассиса хулосаи санитарӣ дод. Ҳангоми санҷиши муштарак 27 нафар соҳибкор, ки қоидаҳои санитарию гигиениро вайрон кардаанд, ба маблағи 1280 сомонӣ ҷарима шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






