22.07.13 Ш. Салимзода ба саволи хабарнигорон посух мегӯяд
Душанбе, 9 июл .(АМИТ «Ховар») – Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки замони баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод аз рузи 10-уми июл ба 22-юми июли соли ҷорӣ иваз карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилло доданд, ин нишасти хабарӣ соати 10-00 дар бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир мегардад. Бояд гуфт, бар асоси амри Президенти кишвар аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои матбуотӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуд. Аммо ба фармони мазкур пас аз шаш сол тағйирот ворид гардид ва аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






