5 ҳодисаи сӯхтор бо зарари 59 ҳазору 863 сомонӣ дар Муъминобод
Муъминобод, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дидбонгоҳи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Муъминобод дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 35 адад иншооти гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла бинои маъмурии шӯъбаи маориф, мактабҳои миёна, хонаҳои ятимону бепарасторон, марказҳои саломатӣ ва амсоли онро мавриди санҷиш қарор додааст.Ба иттилои сардори Хадамоти мазкур капитани хизмати дохилӣ Сафол Раҳимов дар натиҷаи санҷиш аз сабаби дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доштан 3 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 88 адад нуқтаи барқӣ, 58 адад печу агрегатҳо муваққатан боз дота шуда, барои риоя накардани қоидаҳои назорати бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 44 нафар шахсони мутасаддӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт ба маблағи 3520 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Инчнин, дар ин давра кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқӣ, суғуртаи давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот санҷишу рейдҳои муштарак гузаронида, оид ба риояи талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор бо 1700 нафар шаҳрванд вохӯрӣ доир намуданд. Гуфта мешавад, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 5 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари он 59863 сомониро такил медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






