60 нафар имомхатиб аз курси бозомӯзӣ гузаштанд
Душанбе, 10 июл. (АМИТ “Ховар”, Баҳманёр Муродов).-Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши динии имомхатибон дар 6 моҳи соли 2013-ум 60 нафар ба курси бозомўзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин бо дастгирии Давлати Қатар 20 нафар кормандони соҳаи дин ва имомхатибон ба ин кишвар барои бозомўзии якмоҳа ва табодули таҷриба фиристода шуданд.Ин нуктаро муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе зикр карда, афзуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Қурғонтеппа барои имомхатибон, сармутахассисони ҷамоат ва дигар занҳои фаъол курси бозомўзӣ дар мавзуъҳои ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ, таҳаммулгароиву инсондўстӣ, солимии репродуктивӣ, баробарҳуқуқии мардону занон, банақшагирии оила, пешгирии бемориҳои ВНМО (ВИЧ), зўроварии оилавӣ, худкушии духтарону занон, табъизи шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ ташкил карда шуд.Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар таъкид карда буд, ки бояд имомхатибон дорои дониши баланди диниву дунявӣ бошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






