А. Холиқов: «Ба ҷавонони баргардонидашуда монеа эҷод намекунем»
Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз 2831 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамуданд, 2 ҳазору 629 нафари онҳо тавассути андешидани чораҳои зарурӣ аз сӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута ба Тоҷикистон баргардонида шуда, алҳол дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ танҳо 202 нафар ҷавонони тоҷик қарор доранд, ки аксари онҳо ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои исломӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Абдураҳим Холиқов — Раиси Кумита оид ба корҳои дин дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз 2629 нафар ҷавони ба Тоҷикистон баргардонидашуда 256 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, айни ҳол 151 нафарашон дар мактабҳои олӣ, 96 нафари дигар дар мактабҳои миёна ва 9 нафар дар макотиби миёнаи махсус таҳсили илм мекунанд. Абдураҳим Холиқов ҳамчунин таъкид кард, ки мо дар роҳи ба таҳсил фаро гирифтани ҷавононе, ки аз хориҷа баргардонида шудаанд, монеа эҷод намекунем ва агар онҳо бо пешниҳоди расмӣ муроҷиат намоянд, ҳатман ба муассисаҳои таълимӣ қабул карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки ба ватан баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, дар асоси дастуру супоришҳои Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи аслии ин иқдом напайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои динию ифротгаро маънидод мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






