Афзоиши боркашонӣ дар нақлиёти автомобилӣ

Июль 29, 2013 17:01

Душанбе,29 июл. (АМИТ «Ховар Фарзонаи Давлат).-Ҳаҷми боркашонӣ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 900 ҳазор тоннаро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад зиёд аст,- гуфт Низом Ҳаким, вазири нақлиёти кишвар имрӯз, 29-уми июл зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат ба хабарнигорон. Бино ба иттилои ӯ, аз ин нишондод ҳаҷми умумии боркашонӣ 63 дарсад ба нақлиёти автомобилӣ ва 36 фоиз ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд, ки ин афзоиши боркашонӣ дар нақлиёти автомобилӣ хеле назаррас аст.Мавсуф афзуд, ки боркашонӣ, ки дар ним сол беш аз 900 ҳазор тоннаро ташкил кардааст, аз он тавассути нақлиёти автомобилӣ 28,4 дарсад зиёд ва нақлиёти ҳавоӣ 11,7 фоиз, роҳи оҳан 19 дарсад кам бор интиқол гардидааст.

Июль 29, 2013 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш