Афзоиши ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар
Душанбе,23 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 143 адад расидааст, ки аз онҳо 16-ададашро бонкҳо ташкил мекунад,-омадааст дар варақаи иттилоотии ҷамъбасти шашмоҳаи Бонки миллии Тоҷикистон.Бонки мазкур, ки имрӯз, 23-юми июл фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст намуд, иттилоъ додааст, ки шумораи ташкилотҳои қарзӣ ба 143 адад расидааст, ки аз онҳо 16 ададаш бонкҳо ва 37 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд ва 46 фонди қарзии хурд бо мизоҷонашон фаъолият доранд. Бино ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд як адад ва филиалҳои бонкҳо 17 адад зиёд гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






