Агентии зидди фасод «Ҷоми шаҳрдорӣ»-ро ба даст овард
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).- Дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Тоҷикистон «Ҷоми шаҳрдорӣ»-ро ба даст овард.Мусобиқаи мазкур, ки тӯли як моҳ, аз 22-юми май то 22-юми июни соли равон идома кард, дар даври финалӣ дастаи Вазорати корҳои дохилиро шикаст дод ва ҷоми ифтихориро ба даст овард.Ҳамин тавр, дастаи Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи дуюм ва Вазорати тандурустӣ сазовори зинаи сеюм гардиданд. Дар фарҷоми мусобқа ғолибони мусобиқа бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.Ёдрас мешавем, ки мусобиқа дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки 16 даста аз вазорату кумита ва сохторҳои гуногун баргузор гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






