Амалишавии 68 лоиҳаи инвеститсионӣ дар кишвар

Июль 26, 2013 11:46

Душанбе,26 июл. (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат).- Дар шаш моҳи аввали соли равон маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ беш аз 600 млн. сомониро ташкил кардаанд, ки 14 млн. сомонӣ ҳиссаи буҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад,- гуфт Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар зимни ҳисоботи шашмоҳаи худ бо хабарнигорон.Бино ба иттлои ӯ, маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ беш аз 600 млн. сомониро ташкил мекунанд ва 14 млн. сомонӣ ҳиссаи буҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, боқӣ 221 млн сомонӣ маблағҳои қарзӣ ва 241 млн. сомонӣ маблағҳои грантӣ мебошанд, ки ин маблағҳо ба соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ичтимоӣ равона гардидаанд.Феълан дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаи муштараки инвеститсионии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 млрд. доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст,- афзуд С Наҷмиддинов дар нишасти матбуотии худ бо хабарнигорон.

Июль 26, 2013 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд