Анҷоми 50 дарсади сохтмони Терминали нави фурудгоҳи Душанбе
Душанбе,25 июл. (АМИТ «Ховар Фарзонаи Давлат).- Терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки сохтмонаш аз январи соли ҷорӣ оғоз гардидааст, бо харҷи 39 млн. евро сохта мешавад. Дар ин бора Одил Бобоев, сармуҳандиси терминали мазкур, имрӯз, 25-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.Бино ба иттилои ӯ, аз ин маблағе, ки барои сохтмони терминали нав харҷ мешавад, 20 млн. евро аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва 19 млн. евро аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ шуда, дар он утоқи махсус барои намозгузорон, хонаи модару кӯдак, ҷой ва лифтҳои махсус барои маъюбон муҷаҳҳаз хоҳад шуд.Бино ба гуфтаи мавсуф, дар шаш моҳи оғози кори сохтмон, ки аллакай 50 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд, 110 нафар сохтмончиёни тоҷик ва 25 нафар мутахассисони хориҷӣ кор бурда истодаанд ва маоши ҳадди ақали онҳо аз 1500 то 4 ҳазор сомонист. Терминали нави фурудгоҳи Душанбе, ки аз ҷониби ширкати сохтмонии фаронсавӣ «Винчи Конструксён Гран Прожект» сохта мешавад, баъд аз ба истифодадиҳӣ дар назар аст дар як соат наздик ба 500 нафар хизмат расонад, гуфт сармуҳандиси ин сохтмон О. Бобоев.Терминали нави фурудгоҳи Душанбе дар назар аст ду моҳ қабл аз муҳлати муайянгардида- декабри соли 2014 ба истифода дода шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






