Аудиторони дохилӣ дорои сертификат мешаванд
Душанбе 19 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Аввалин гуруҳи 33 нафараи аудиторони дохилӣ, ки имтиҳони «Аудити дохилӣ дар сохтори давлатӣ»-ро бомуваффақият супориданд, соҳиби сертификат мегарданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ доданд, сертификатҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати молияи Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар сохтори давлатӣ» дода шудаанд. Сертификатсиякунонӣ қадами муҳим дар таъмини манбаи устувори дониши назариявӣ барои аудиторони дохилӣ дар сохтори давлатӣ ба ҳисоб меравад. Он қисми лоиҳаи «Дастгирии назорати дохилии молиявии давлатии II дар Тоҷикистон» мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳа ба Вазорати молия дар амалӣ гардонидани вазифаҳои аудити дохилӣ мувофиқи Стандартҳои байналмилалии таҷрибаи тахассусии аудити дохилӣ мусоидат мекунад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






