Аъзои Шӯрои ММ МО ҶТ 50 масъаларо баррасӣ намуданд
Душанбе, 4 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 50 масъалаи марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуданд.Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз ҷумла 8 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд. Инчунин лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ вобаста ба тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини баъзе ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва соири масъалаҳои дигар муҳокима гардида, ҷиҳати баррасӣ ва ҷонибдорӣ ба иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баъди нисфирӯзӣ баргузор мегардад, пешниҳод карда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






