Ба Кодекси андоз тағйиру илова ворид мекунанд?
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи умумии соҳибкорон 8,5 ҳазор зиёд гардида, шумораи соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда 5,4 ҳазор коҳиш ёфтааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 30 июл муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Раҳматбоев иттилоъ дод. Вай сабабҳои коҳиши соҳибкорони бо патент фаъолияткунандаро шарҳ дода, гуфт, ки асарияти онҳо аз патент ба шаҳодатнома гузаштанд, яъне доираи фаъолияти худро васеътар намуданд. Омилҳои дигар ҳам бисёранд, аз ҷумла шояд таъсири Кодекси нави андоз, наёфтани маблағҳои зарурӣ, шароити дурусти корӣ ва ғайраҳо. Роҷеъ ба масъалаи таъсири Кодекси нави андоз ба фаъолияти соҳибкорон Ш. Раҳматбоев зикр намуд, ки вобаста ба таҳлилу баррасии Кодекси нави андоз дар назди Вазорати молия комиссияи махсус таъсис шудааст, ки ин масъаларо ҳаматарафа омӯхта, рӯзҳои наздик хулосаи худро сари ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд. «Шояд бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ин комиссия Ҳукумати мамлакат ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид намояд», — гуфт дар хотима Ш. Раҳматбоев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






