Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Шоҳи Белгия

Июль 23, 2013 10:04

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:«Аълоҳазрат,Сарфарозам муносибати фархундаи ба тахт нишастани Аълоҳазратро самимона табрик ва муборакбод гӯям.Робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд. Умедворам, ки дар марҳалаи ҷадиди фаъолияти Аълоҳазрат онҳо таҳкиму тақвияти бештар касб хоҳанд кард.Ба Шумо дар ин маснади олӣ дастоварду комёбӣ, ба мардуми дӯсти Белгия пешрафту рифоҳ орзумандам».

Июль 23, 2013 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд