Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Ҳусейн Обама
Душанбе, 4 июл (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Фурсати фараҳбахше бароям муяссар шудааст, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ифтихори фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.Муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.Тоҷикистон Амрикоро яке аз шарикони дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои гуногун ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созанда баланд арзёбӣ менамояд.Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Америка – саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






