Барқияи табрикотии Маликшо Неъматов ба ВАО
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бахшида ба Рўзи байналмиллалии хабарнигорони варзиш хабарнигорони варзишии тоҷикро табрик намуд.Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар бо ВАО ҳамарўза робитаашро мустаҳкам сохта, барои ҳамкорӣ ва тарғибу ташвиқи соҳа ибрози минатдорӣ менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки рўзноманигорони соҳаи варзиш бо теғи буррои қалам ва афкори равшанашон дар пешрафти соҳаи варзиш ва таблиғи дастовардҳои варзишгарон, ҷалби бештари аҳоли ба тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина таъмини саломатии мардум, инчунин ташвиқи тарзи ҳаёти солим саҳми намоён доранд. «Ман аз фурсати муносиб истифода бурда хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистонро бо Рўзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ табрику шодбош менамоям»- омадааст дар барқияи табрикотии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






