Баргузории ҷаласаи сезндаҳуми СААД дар Маскав
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи сезндаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқовимат алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз намуд.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева ва Сардори раёсати сайёри оперативии АНМН А. Акрамов иштирок менамоянд. Дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳо-аъзои СААД дар соли 2013-2017 ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқовимат алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар соли 2012-2013 баррасӣ мешавад. Ба иттилои манбаъ иштирокчиёни ҷаласа оид ба ташкили машқҳо барои қувваҳои таъиноти махсуси КСОР «Гром-2013» дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ки моҳи август-сентябри соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, инчунин гузаронидани амалиёти байналмилалии зиддимухаддиротии минтақавии «Канал»-ро зери омӯзиш қарор медиҳанд. Инчунин, дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳо-аъзои СААД ва муовини Котиби генералии СААД Геннадий Невиглас иштирок менамоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






