Баррасии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар” Фарзонаи Давлат).- Имрӯз, 5-июл маҷлиси Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дода гуфтанд, ки дар маҷлис 4 масъалаи марбут ба ташаккули заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии Барнома, ҳамчунин нақшаи маблағгузорӣ дар семоҳаи сеюми соли 2013-ум барои чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015 баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Гуфта мешавад, ин чорабиниҳо дар асоси таҷрибаи андӯхта ва меъёрҳои мавҷудаи байналмилалӣ бо мақсади таъмини шафофият ва самаранокии Барнома таҳия гардидаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






