Бинои нав дар ҷамоати деҳоти Гулистон
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ боз як бинои замонавӣ дар хизмати кормандони милитсия қарор гирифт. Вазири корҳои дохилӣ зимни ифтитоҳи бинои нав аз дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар бунёди бинои мазкур, алалхусус соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки чунин ҳамкорӣ ба хотири таъмини суботу оромӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандон дар минтақа равона гардидааст.«Ин бино на танҳо минтақаи хизматии кормандони милитсия, балки макони ҳамкории сокинони маҳалла ва аҳли ҷамоат барои қабули арзу дархост ва муроҷиати шаҳрвандон дар таҳкими тинҷиву осоиштагӣ ва пешгирии кору амалҳои номатлуб дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, боварӣ дорам чунин ҳамкорӣ ба манфиати ҳамагон нигаронида шудааст»,- афзуд Рамазон Раҳимов. Бояд ёдовар шуд, ки бинои мазкур аз чор ҳуҷра иборат буда, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ, воситаи алоқа ва дастгоҳҳои компютерӣ таҷҳизанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ иброз дошт, ки дар айни замон боз дар 13 минтақа бунёди чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ идома дошта, дар 3 минтақаи дигар таъмиру навсозии бинои маъмурӣ ҷараён дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






