Боздиди О. Оқилов аз минтақаи озоди иқтисодии «Дангара»
Душанбе, 12 июл (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»- и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боздид ба амал овард. Тавре маълум шуд, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар масоҳати беш аз 500 гектар доман паҳн карда, дар оянда барои фаъолияти корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дар маҷмуъ барои рушди фаъолияти соҳибкорию пешбурди истеҳсолот пешбинӣ шудааст. Дар айни замон дар минтақа банақшагирӣ ва тарҳрезии лоиҳаи бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба истеҳсоли трактор ва корҳонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба коркарди махсулоти нафтӣ идома дошта, сохтмони бинои маъмурии минтақа дар мархилаи анҷомёбӣ қарор дорад.Оқил Оқилов роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба истеҳсоли трактор, фароҳам овардани шароити созгор барои бунёд ва фаъолияти корхонаҳои дигари истеҳсолии банақшагирифташуда, таъмини минтақа бо об ва нерўи барқ, инчунин банақшагирии сохтмони иншооти дигари комуникатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






