Боздиди вазир аз воҳидҳои махсус
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ, шароити моддию маишӣ ва ҳолати омодабошии низомии Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ба Ротаи махсуси вазорат ташриф овард.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, вазир аз намоишгоҳи яроқу лавозимоти ҷангӣ дидан карда, бо намудҳои гуногуни силоҳу лавозимоти ҳарбӣ, ки ҳангоми амалиётҳо аз тарафи ҷузъу томҳои Воҳидҳои махсус истифода мешаванд, шинос гардид.Корҳои сохтмонӣ, ки чанд муддат дар ин сохтор идома доштанд, хеле хушсифат ва ба таври замонавӣ анҷом дода шудааст. Бинои асосии рота, иборат аз се ошёна, пурра, замонавӣ, хушсифат ва дар сатҳи баланд таъмир гардида, ҳуҷраҳои хоби кормандон, утоқҳои корӣ бо кат, мизу курсӣ ва дастгоҳҳои техникии маишӣ ҷиҳозонида шудаанд. Бо мақсади нишон додани тактикаи ҷангӣ ва ҳолати омодагии ҳарбӣ масъулини Ротаи махсус амалиёти мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва безараргардонии дастаи мусаллаҳи террористон, озод намудани гаравгон ва ҷанги тан ба танро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби роҳбарияти вазорат хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ пазируфта шуд.Дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ роҳбарияти раёсатҳои вазорат ва сардорони ҷузъу томҳои Воҳидҳои махсус вазир аз шуҷоату мардонагии кормандони ин ниҳод ёдовар гардида, саҳми онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиинояткор ва безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша дар манотиқи гуногуни кишвар хеле назаррас арзёбӣ намуд.Барои хизматҳои арзандаву шоиста як қатор кормандони Воҳидҳои махсус бо ифтихорномаи фахрии Вазорати корҳои дохилӣ, медали «Барои хизмати шоён», нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар ВКД» сарфароз гардиданд.Инчунин бо фармони вазорат рутбаҳои 135 нафар кормандони ин ниҳод аз лейтенант то капитан як зина боло карда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






