Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба ҷашни 85-умин солгарди таъсиси Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, 29 июл вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад. Бинобар иттилои манбаъ , вазири корҳои дохилӣ бо кормандон ва собиқадорони соҳа вохӯрӣ анҷом дода, бо буридани лентаи рамзӣ муҷассамаи нақлиёти таърихии оташнишониро дар саҳни ҳавлии раёсат расман кушод.Сипас дар варзишгоҳи машқию таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД намоиши техникаву таҷҳизоти оташнишонӣ, омодабошии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ХДО-и гарнизони Душанбе баргузор гардид.Ба ҷамъомадагон имконияту тавоноии техникаву таҷҳизоти гуногуни оташнишонӣ ва қобилияту дараҷаи кордонӣ, чусту чолокии оташнишонон дар мавриди наҷоти одамон аз биноҳои баландошёнаи оташгирифта ба воситаи мошинҳои соҳавии нардбондор, арғамчинҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва болинҳои наҷотдиҳии махсуси бо ҳаво пургардида, баромадан бо нардбонҳои муҳорибавии дастӣ ба ошёнаи чоруми манораи таълимӣ, мусобиқаи оташнишонӣ бо монеаҳояш ва тартиби хомӯш намудани маводи зуддаргиранда, аз қабили бензину карасин ва равғанҳои гуногун намоиш дода шуд. Машқҳои намоишии тактикию оташнишонӣ барои тамошобинон хеле ҷолибу хотирмон ҷараён гирифтанд.Рамазон Раҳимов ба маҳорату малакаи кормандону мутахассисони соҳа баҳои баланд дода, ба ташкилкунандагону иштирокчиёни он миннатдорӣ баён намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






