Боздошти аъзои гуруҳи ҷиноӣ
Душанбе, 2 июл (АМИТ «Ховар»).- 28-уми июни соли равон кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якҷоя бо намояндагони Прокуратураи вилоят, Раёсати корҳои дохилӣ ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон амалиёт гузаронида, қочоқчии номӣ, яке аз аъзои гуруҳи ҷинояткори шаҳри Хоруғ Бозоров Темурбек Наврўзбекович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Миденшори, ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон, маълумоташ миёнаи махсус, муваққатан бекор ва писараш Бозоров Элбек Темурбекович, соли таваллудаш 1990, маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи куҳии металлургии ш. Чкаловски вилояти Суғдро бо гумони фурўши маводи мухаддир ба шаҳрвандон Худобахшов Худобахш Алибахшович, соли таваллудаш 1966, сокини д. Миденшори ҷамоати Поршинев, Хушдилов Ҳабиб Пурдилович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳраки Ваҳдати ҷамоати Поршинев, Тайғунов Тайғун Нодиршоевич, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Хосаи ҷамоати Поршинев ва Пираков Мародмамад Давлатмамадович, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Буведи ҷамоати Поршиневи н. Шуғнон, боздошт намуданд. Дар натиҷаи кофтукови шахсии дастгиршудагон Худобахшов Худобахш ва Пираков Мародмамад аз ҷайби онҳо маводи сафедчатоби дорои бӯи махсуси монанд ба маводи мухаддири навъи «героин» ва сўзандору дарёфт гардид, ки аз гирифтори касалии нашъамандӣ будани онҳо далолат мекунад. Номбурдагон ҳангоми пурсиш иқрор шуданд, ки маводи мухаддирро аз Бозоров Темурбек харидорӣ кардаанд.Зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматии Бозоров Темурбек, зиёда аз 2 кг «героин», 50 грамм бангдона, як адад таппончаи Макаров бо 34 дона тир, 40-адад тири милтиқ, 300 грамм сангҳои қиматбаҳо, 27 ҳазор сомонӣ, як адад қаиқ барои амалӣ намудани кирдорҳои қочоқӣ тавассути сарҳади давлатии ҶТ бо ҶИА ва либоси махсуси обногузар, инчунин 1 адад корднайза (штык-нож) дарёфт ва мусодира гардиданд. Сангҳои қиматбаҳоро Бозоров Темурбек аз як корманди раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гирифта, бар ивазаш ба ў героин додааст.Боиси нигаронист, ки дар ҳудуди ВМКБ зиёда аз ҳазор нафар гирифтори бемории нашъамандианд ва Бозоров Темурбек яке аз паҳнкунандагони маводи мухаддир, алалхусус навъи «героин» ба шумор мерафт. Соли равон 2 нафар сокини маҳаллии гирифтори нашъамандӣ аз зиёдшавии ҳаҷми истеъмолии героин дар назди манзили истиқоматии ў ба ҳалокат расиданд. Дар давоми 10 соли охир бошад, 210 нафар ҷавонон дар натиҷаи зиёд кардани ҳаҷми истеъмолии маводу мухаддир ҳалок шудаанд. Ҳангоми суҳбат Бозоров Темурбек якчанд ҳаммаслакони худро ифшо кард, ки даст ба ҳаракатҳои зиддиқонунӣ мезаданд. Айни замон аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ нисбати Бозоров Темурбек Наврўзбекович ва шариконаш бо дастрасии моддаи 200 қ. 4 бандҳои «в», «г», 289 қ. 2, 195 қ.1, 284 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.Амалиёти мазкур аз рўйи муроҷиати як қатор модарони шахри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, ки фарзандонашон аз тарафи шаҳрванд Бозоров Темурбек Наврўзбекович гирифтори касалии вазнини нашъамандӣ гардида, аз ҷониби ў барои иҷрои корҳои сохтмонию хоҷагидориаш мавриди истифода қарор мегирифтанд, тарҳрезӣ ва гузаронида шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони сарбаланди ВМКБ ҷиҳати масъулияшиносӣ ва ҳамкориашон баҳри решакан сохтани ҳаракатҳои ҷиноӣ, арзи сипос намуда, онҳоро мутмаин месозанд, ки ҷинояту ҷинояткорон сари вақт ошкор гардида, барои аъмоли худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Нисбати фаъолияти чунин гурўҳҳои ҷиноятпеша дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ муборизаи беамон ва қотеъона ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст






