Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Июль 10, 2013 17:25

Фавти 8 нафар дар Ҳиндустон Душанбе, 10 июл (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Сикандарободи Ҳиндустон як бинои дуошёна фурў рафта, бар асари ин ҳодиса 8 нафар ҳалок ва 11 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Мувофиқи иттилои расида ошёнаи якум ва дуюми бино, ки ҳамчун меҳмонхона ва тарабхона истифода мешуд, ба меъёрҳои стандартӣ ва бехатарӣ ҷавобгӯ набудааст. Дастгир намудани қаллобон дар МоскваШабакаи телевизионии Russian to Day хабар додаст, ки кормандони мақомоти полиси шаҳри Москави Федератсияи Россия гуруҳи қаллобонеро, ки тайи чанд соли охир маблағҳои зиёдеро ғайриқонунӣ аз худ мекарданд, боздошт намудаанд. Ба гуфти сардори шуъбаи тафтишотии Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия шумораи онҳое, ки дар ин кишвар ба тиҷорати ғайриқонунӣ даст доранд, 400 нафарро ташкил мекунад. Истирдоди Абӯ Қатода ба Урдун Мувофиқи иттилои оҷонсии хабарии «Ай-Эф-Пи» ҳафтаи равон Трибунали ҳарбии Урдун Абў Қатодаро дар содир намудани амалҳои террористӣ айбдор намуд ва ӯ тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Уммони Урдун интиқол дода шуд. Бояд гуфт,ки Абӯ Қатода пас аз паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтан давоми 20 сол дар Британияи Кабир ба сар мебурд. Қали 42-нафар кудак дар Нигерия Тавре, ки оҷонсии «Би-Би-Си» иттилоъ дод, ҳафтаи равон гуруҳи терористон ба яке аз мактабҳои миёнаи штати Йобеи Нигерия ҳамла карда, 42 нафарро ба ҳалокат расониданд. Дар пайи ин ҳодиса ҳукуматдорон қарор бароварданд, ки фаъолияти ҳамаи муассисаҳои таълимии минтақаро муваққатан қатъ намоянд. Буҳрони Иқтисоди дар Афина Мири шаҳри Афинаи Юнон Гиёргос Каминис баъди он ки ба ҷонибдории аз кор хориҷ кардани кормандони идораҳои давлатӣ баромад кард, мавриди ҳамлаи иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ қарор гирифт. Тавре, ки расонаҳои хабарии Юнон менависанд, ин ҳодиса пас аз анҷоми маҷлиси намояндагони ҳукуматӣ сар зада, сокинони кишвар дар аввал Гиёргос Каминисро таҳкир ва баъдан ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд. Бояд гуфт, ки Юнон тайи чанд соли охир шадидтарин буҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 10, 2013 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд