Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таркиш дар шаҳри Волгоград Душанбе, 19 июл (АМИТ «Ховар»).-Тавре, ки дар шабакаи интернетии www. Russian to Day навишта шудааст дирӯз дар вилояти Волгогради Федератсияи Россия як бинои истиқоматии сеошёна ногаҳон фурў рафт. Дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шуд. Бояд гуфт ки дар дохили бино 15 нафари дигар қарор доштанд, вале бе ягон осеби ҷиддӣ наҷот дода шуданд.Ба гуфти мутахасисони соҳа сабаби фурў рафтани бино таркиши газ маънидод мегардад. Сухтор дар Калифорния Душанбе, 19 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар штати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи чанд рўз мешавад,ки кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ҳолатҳои фавқуллодда, дар маҷмўъ зиёда аз ду ҳазор нафар бо истифода аз техникаи зарурӣ барои пешгирии сўхтори ҷангалзор фаъолият доранд. Муовофиқи маълумоти расида, шаш ҳазор гектар майдони ҷангалзор ва даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ба коми оташ фуру рафтааст.Мутахасисон сабаби сар задани сўхторо дар ҳарорати баланди ҳаво ва шамоли сахт маънидод мекунанд. Дастгир шудани «Формула-1» Душанбе, 19 июл (АМИТ «Ховар»).-Тавре, ки расонаҳои хабарии Аврупо мегуянд прокуратураи шаҳри Мюнхени Олмон роҳбари «Формула-1» Берни Экклстоун бо ҷурми даст доштан дар амалҳои ришваситонӣ боздошт гардидааст.Ба ақидаи кормандони мақомоти полис номбурда соли 2006 ба як нафар корманди бонк 44 милион доллар пардохт намудааст, ки дар он вақт ў як қисми саҳмияҳои «Формула-1»-ро фурўхтааст.Худи Берни Экклстоун бошад ҳамаи ин айбномаҳоро нисбат ба худ инкор менамояд. мусаввараи «Гогена Матиза»-ро рабуданд Душанбе, 19 июл (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти расида, мусаввараи «Гогена Матиза»-ро, ки ба қалами рассом машҳури дунё Пабло Пикассо таалуқ дорад, баъди рабудан аз осорхонаи Роттердам оташ задаанд. додситони Руминия хокистарпораҳоро мавриди омўзиш қарор додаанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






