Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Марги 25 нафар толибилм дар Ҳиндустон Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз таълимгоҳҳои маҳалли Чҳапраи иёлоти Биҳари Ҳиндустон пас аз истеъмоли таъом 25 нафар толибилм заҳролуд гардида, ба ҳалокат расид. Ҳамчунин фавти як нафар ошпаз низ ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба заҳролудшавӣ беш аз 48 толибилми дигар дар дармонгоҳи шаҳри Патнаи штати Биҳар бистарӣ гардидаанд. Кормандони соҳаи тибб вазъи саломатии аксари онҳоро вазнин нишон медиҳанд. Мувофиқи иттилои расида, синни миёнаи толибилмони заҳролудшуда аз 4 то 12 сола мебошад.Пас аз ташхис муайян гардид, ки дар дохили ғизои истифодабурдаи толибилмон маводе, ки бар зидди ҳашарот истифода мешавад, мавҷуд будааст. Обхезии шадид дар Кореяи Ҷанубӣ Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кореяи Ҷанубӣ ҳангоми обхезӣ 7 нафар коргар дар нақби назди дарёи Ханган зери об монданд. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, начотдиҳандагон танҳо ҷасади як нафарро пайдо намуданд. Мувофиқи иттилои манбаъ коргарон ҳангоми сар задани обхезӣ дар чуқурии 48-метр дар дохили қубурҳои обгузари нақб фаъолият доштаанд. Бояд гуфт, ки 3 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумхурии Мардумии Чин мебошанд. Мутахассисони соҳа сабаби сар задани ходисаро аз тобовар набудани деворҳои муҳофизатии нақб ба фишори об медонанд.Сӯхтор дар Федератсияи РусияДушанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи интернетии www.org.ru навишта шудааст, кормандони Хадамоти оташнишонӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Нижний Новгороди Федератсияи Русия муддати чанд рӯз аст, ки сӯхтори ҷангалзорро хомўш карда наметавонанд. Бар асари оташсўзӣ беш аз 1000 гектар ҷангалзор нобуд гардид.Бо мақсади пешгирии сўхтор аз тариқи чархбол назорат бурда мешавад.Лозим ба ёдоварист,ки аҳолии минтақаҳои аз сўхтор зарардида то ҳол дар бошишгоҳҳои муваққатӣ қарор доранд.Дар бораи талафоти ҷонӣ ва ҳаҷми хисороти воридгардида то ҳол маълумоти мушаххас дастрас нашудааст.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






