Чаро қарзҳои ипотекӣ фаъол нестанд?

Июль 18, 2013 15:31

Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Арзиши 1 метри мураббаъ манзил дар иморатҳои навсохти Душанбе аз $512 то $1600 аст, мегӯяд Абдувалӣ Комилов –раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки нархи манзил инчунин вобаста аст ба маҳалли ҷойгиршавӣ ва шароитҳои хизматрасонии муҳандисию коммуналӣ ва дигар имконоти бино.  $1600 нархи 1 метри мураббаъ манзил дар шаҳрчаи навбунёди «Диёри Душанбе» будааст, ки он аз ҷониби ширкати қатарии «Диёри Қатар» сохта мешавад ва асосан муштариёни манзилҳои «Диёри Душанбе» табақаи сарватмандон арзёбӣ мегардад. Дар мавриди оне, ки оё шаҳрвандон имкон доранд тавассути қарзҳои ипотекӣ соҳиби манзил гарданд, роҳбари Агентии сохтмон ва меъмории кишвар афзуд, ки дар Тоҷикистон аз сӯи Парлумон «Қонун дар бораи ипотека» қабул шудааст, аммо мутаасифона он фаъол нест. Сабабаш ин аст, ки фоизҳои бонкҳо дар мо баланд буда, ҳеҷ кас наметавонад бо 24 % ва 36% қарз гирад. Ипотека метавонад дар он сурат фаъолият намояд, ки фоизи солонаи қарз 5- 6 %-ро ташкил диҳад. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки дар асоси тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ хулосабарорӣ намудаанд, даромади солонаи як шаҳрванди Қазоқистон $10 ҳазор ва ин омор дар Тоҷикистон поён аз $1000-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон роҳбари ниҳоди масъул ба сохтмон ва меъмории кишвар афзуд, ки дар Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» фаъолият дорад. Ин корхона асосан дар маҳалҳои аз маркази шаҳр дур манзил бунёд менамояд.

Июль 18, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд