Чаро Арабистони Саудӣ теъдоди зоиринро то 20% коҳиш додаст?
Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки соли равон беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими Хаҷ-2013 тавофи Каъба намоянд. Мавлон Мухторов –муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани мавсими Ҳаҷ-2013 дар мувофиқа бо мақомоту ниҳодҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, инчунин ҶСК «Ориёнбонк» ва ширкатҳои ҳавонавардии «Тоҷик-эйр» ва «Сомон-эйр» маҷмӯи корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Дар посух ба саволе, ки чаро дар соли равон ҷониби Арабистони Саудӣ шумораи қабули зоиринро то 20% коҳиш додааст, намояндаи масъули Кумитаи оид ба корҳои дин афзуд, ки то 20% коҳиш додани теъдоди зоирин дар мавсими ҳаҷи соли равон воқеият дорад. Мавсуф афзуд, ки дар ин росто ҷониби мамлакати Арабистони Саудӣ ба унвонии кишварҳои мусулмонӣ нома ирсол намуда, огоҳ кардааст, ки бинобар идомаи корҳои сохтмонӣ дар атрофи ҳарам дар соли равон қабули зоирин то 20% коҳиш дода мешавад. Ба қавли М. Мухторов Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои мушахаас меандешад, то теъдоди зоирини тоҷик дар мавсими Хаҷ коҳиш дода нашавад. Аз ин рӯ, вақтҳои наздик як гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озими Арабистони Саудӣ шуда, масъалаи мазкурро баррасӣ менамоянд. «Боло рафтани маблағи хароҷоти Ҳаҷ дар соли равон, ки 17 ҳазору 625 сомонӣ муодил ба 3 ҳазору 625 $ -ро ташкил медиҳад ба қимат гардидани нархи сӯзишворӣ ва дигар хизматрасониҳо рабт дорад»- гуфт Мавлон Мухторов. Арзиши Маблағи хароҷоти адои Ҳаҷ дар Озарбойҷон 4 ҳазору 145 $, Қазоқистон 3 ҳазору 935 $ ва дар Тотористони Русия 4 ҳазору 397 $ муқаррар гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






