Чопи «Қуръоннома» дар моҳи шарифи Рамазон
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чопхонаи «Пайванд» дар моҳи шарифи Рамазон маҷмӯаеро таҳти унвони «Қуръоннома» аз чоп баровард. «Қуръоннома», ки бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мунташир гардидааст, дар он пораи сиюми Қуръони маҷид бо тарҷумаи манзум гирдоварӣ шудааст. «Қуръоннома» бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба ҳурофоти кириллӣ, форсӣ ва арабӣ чоп гардидааст, ки метавонад ба унвони як китоби омӯзиши Қуръони азимушшаън ва хати ниёгон ҳам мавриди истифода қарор бигирад. Аз ин рӯ сураҳои пораи сиюми Қуръони маҷид тибқи маъмул аз охирин сура- «Нос» оғоз шуда, бо сураи «Набаъ» ҳусни анҷом меёбад. Алиасғари Шеърдӯст –Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сарсухани маҷмӯаи «Қуръоннома» гуфтааст, ки: «Мардуми Тоҷикистон барои омӯхтани илмҳои Илоҳӣ эҳсоси ташнагии таҳсинбарангез дошта, ҳамеша дар паи фарогирии ҳар чӣ бештари Қуръон ва маъниҳои он ҳастанд ва ҳамчунин алоқаи зиёде ба каломи мавзун, шеъру қофия доранд. Бинобар ин тарҷумаи манзуми Қуръони маҷид барои тоҷикон метавонад бисёр ҷолиб ва мавриди истифода бошад». Бояд тазаккур дод, ки Қуръони карим, ки дар моҳи Рамазон аз ҷониби Офаридгор ба замин нозил гардидааст, сарчашмаи безаволи Илоҳӣ ва муъҷизаи Паёмбари Ислом Муҳаммад (С) буда, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва истифодаи миллатҳои мусулмони ҷаҳон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки ҳеҷ миллати огоҳе худро аз Қуръони карим бениёз надониставу намедонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






