Дар муқовиматҳои Сурия се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд
Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«14 шаҳрванди Тоҷикистон дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ ҳалок гардидаанд»- ин матлабро 9 июл Мавлон Мухторов -муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. Мавсуф гуфт, ки аз ин теъдод 3 нафар дар муқовиматҳои Сурия ва 11 нафари дигар дар хоки Афғонистону Покистон қурбон гардидаанд. Шаҳрвандони дар кишварҳои хориҷӣ ҳалокшуда, ки ҳуввияти миллӣ ва шахсияташон маълум гардидааст, асосан дар гуруҳҳои террористӣ ва амсоли он шомил буда, ба ҳайси муҷоҳид меҷангидаанд. Муовини раиси Кумитаи дин афзуд, ки бархе аз фарзандон ва оилаҳои ашхоси дар набардҳои кишварҳои хориҷӣ қурбонгардида ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






