Дар Суғд бинои нави прокуратура ифтитоҳ шуд
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»). Рӯзи душанбе, 8-уми июл дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинои нави прокуратура ба истифода дода шуд.Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бино дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар назди кормандони прокуратура ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки беҳтаршавии шароити корӣ барои таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба кормандон руҳияи тоза мебахшад.Раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ зимни суханронии худ ифтитоҳи бинои маъмуриро амри зарурӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки муҳайё гаштани шароити мусоиди корӣ кормандони прокуратураи ноҳияро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар мавриди таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ руҳбаланд мекунад.Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои кории бино кушоду барҳаво буда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар шафати бинои асосии прокуратураи ноҳия меҳмонхона, ошхона ва толори истироҳатӣ низ барои хизматрасонӣ омода карда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






