Дастгир шудани 2 нафар доғистонӣ бо гумони роҳзанӣ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).- Бо гумони даст доштан дар роҳзанӣ кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД- 2-и ноҳияи Сино сокини ноҳияи Ҳисор Суҳроб Ҷалолов ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Доғистон Феликс Гачиев ва Магамадалӣ Омаровро дастгир намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ин нафарон амволи шаҳрванд Музаффар Сиддиқовро бо таҳдиди таппончаву корд азхуд кардаанд.Музаффар Сиддиқов ба ШВКД-2-и ноҳияи Сино муроҷиат менамояд, ки дар назди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2-и пойтахт, ҳангоми дар дохили мошини шахсиаш қарор доштан шахсони номаълум ӯро мавриди латукӯб қарор дода, бо таҳдиди таппонча ва корд дастонашро ба қафо баста, аз кисаи ӯ 100 доллари амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва мошини шахсиашро бо тамғаи «Тайота-Кемри» тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД-2-и ноҳияи Сино дарҳол содиркунадагони ин ҷинояти роҳзаниро дастгир менамоянд.Ҳангоми дастгир намудани ин нафарон аз тарафи кормадони милитсия боз ду нафар шахс- Абдуллоев Ахмадҷон Исмоилович, соли таваллудаш 1987 ва Расулов Зоиршо Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ҳисор, ки бо моддаи 237 КҶ ҶТ дар кофтуков қарор доштанд, дастгир мешаванд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






