Дастовези «Тоҷикматлубот» ба ҷашни Истиқлол
Душанбе, 24 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон меҳмонхонаи нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин иншоот бо ибтикори Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и кишвар дар партави амалӣ намудани дастури Сардори Давлат сурат гирифта, бо маблағи беш аз 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ бунёд мешавад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба маблағи 1070 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудаанд, ки 80%-и онро корҳои сохтмонӣ ташкил медиҳад. Назар ба иттилои Сироҷиддин Валиев –раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и кишвар дар ин меҳмонхона тамоми шароитҳо марбут ба рушди туризм ва хизматрасонӣ барои сайёҳони хориҷӣ фароҳам оварда мешавад. Интизор меравад, ки дар оянда дар ин минтақаи куҳистони кишвар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи туризм эълон гардидааст, намудҳои туризми дучархасаворӣ, аспсаворӣ, куҳнавардӣ рушд ёфта, он дӯстдоштарин макони сайёҳони хориҷӣ гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






