Давраи бозомӯзии мураббиёни футбол оғоз ёфт
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Норак давраи бозомӯзии мураббиёни футбол баҳри соҳиб шудан ба иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) оғоз ёфт. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки ин давраи бозомӯзиро мутахассиси узбек Ислом Аҳмадов роҳбарӣ менамояд. Курсии бозомӯзии мураббиёни футболи тоҷик то 17-уми июл идома ёфта, дар он 22 мураббии тоҷик, ки иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «С» доранд, ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, барномаи давраи бозомӯзӣ аз машғулиятҳои назариявию амалӣ, инчунин тамошои бозиҳо иборат буда, баъди анҷоми машғулиятҳо ширкаткунандагоне, ки аз рӯи барномаи омӯзиш аз санҷиш муваффақона мегузаранд, соҳиби сертификатҳои байналмилалии мураббиёни дараҷаи «В»-и AFC мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






