Душанбе барои мизбонии Конфронси байналмилалӣ омодагӣ мегирад
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013 баргузор гардид. Дар ҷаласа оид ба корҳои тайёрӣ ва тадбирҳои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳисоботи аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд. Таъкид шуд, ки ин чорабинӣ, ки бо иштироки намояндагони беш аз сад давлати дунё баргузор мешавад, бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шавад. Баргузор гардидани Конфронси байналмилалии ҳаморӣ дар соҳаи об севвумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст. Қаблан ҳам ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълони соли 2003-юм ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015- умро чун «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» пазируфта буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






