ЭКО Донишгоҳи байналмилалӣ таъсис медиҳад
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Донишгоҳи байналмилалии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ-ЭКО/ дар заминаи муаррифии мероси фарҳангӣ ва тамаддуни ғании кишварҳои узви ин созмони таъсис дода хоҳад шуд. Ин мавзуъ дар дидори Муҳаммадшарифи Маликзода, раиси Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон бо Ифтихор Ҳусейн Ориф, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон матраҳ гардид. Маликзода омодагии ин Созмонро барои ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии ЭКО ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саqёҳӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои суннатии кишварҳои узви ЭКО эълом намуд.Шоҳмансури Шоҳмирзо -коршиноси фарҳангӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО мегӯяд, ки қарор аст ин донишгоҳ баъд аз тасвиби ниҳоӣ дар яке аз кишварҳои узви ЭКО таъсис дода шавад. Мавриди зикр аст, ки Муассисаи фарҳангии ЭКО ниҳоди тарроҳӣ, назорат, таъмини молӣ ва ҳамоҳангии фаъолиятҳои фарҳангӣ буда, бо ҳадафи тақвият ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин Созмон таъсис дода шудааст. Ин Муассиса ниҳоди тахассусии мустақил дар канори ЭКО фаъолият ва ҳамкориҳои муштараки фарҳангӣ миёни кишварҳои узвро ҳамоҳанг намуда, дар муаррифии муштаракоти ҳавзаи муҳими ҳунарӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии чаҳон нақши муассир дорад. ЭКО соли 1985 созмон дода шуда, алҳол даҳ кишвари ҷаҳон- Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекситон ва Озорбойҷон ба ҳайати он шомиланд. Тоҷикистон соли 1993 ба узвияти ин созмон пазируфта шудааст. Қароргоҳи ЭКО Теҳрон буда, самти афзалиятноки он ба тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои узв дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту коммуникатсия, сӯзишворию энергетикӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ нигаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






