Фарҳанги тоҷикӣ дар Интернет
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар»). — Ҳадятуллои Хайрулло, донишҷўи соли чоруми бахши муҳандисии барномавии факултаи информатика ва идоракунии Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина барномаи компютерии «Фарҳанг»-ро, ки иборат аз 132 ҳазор калимаву ибораҳо мебошад, таҳия намуда, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ворид намудааст. Барнома аз 31 марти соли ҷорӣ дар сомонаи интернетии Гугл (Google) ҷой дода шудааст ва мавриди истифода қарор дорад. Барномаи мазкурро метавон ҳам тавассути компютерҳои касбӣ ва ҳам телефонҳои мобилии системаи «Андроид» бе истифода аз шабакаи Интернет ба таври ройгон истифода намуд.Барномаи дигаре, ки дар айни замон Ҳадятулло таҳия намудааст, ин дар телефонҳои системаи «Андроид» ҷой додани матни Қуръони Карим бо хати кириллӣ, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дар нашриёти «ЭР – граф» бо зевари табъ ороста шуда, армуғон ба мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, мебошад. Ин матни Қуръон аз 20 июли соли 2013 мавриди истифода қарор дорад. Ҳадятуллои Хайрулло дар оянда ният дорад, ки барномаҳои мазкурро барои телефонҳои системаи Айфон низ мувофиқ намояд.Барномаҳои мазкурро аз сомонаи интернетии зерин дарёфт намудан мумкин аст:https://play.google.com/store/apps/details?id=com.taj.farhang https://play.google.com/store/apps/details?id=com.taj.quronikarim








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






