«Фитнаи инқилоб дар Бухоро» бо забонҳои русиву англисӣ ба табъ расид
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Бо кӯмаки молиявии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби охирини шодравон Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, аз чоп баромад. Китоби мазкур ҳанӯз соли 2010 зери таҳрири Пайванди Гулмуродзода дар нашриёти «Шуҷоиён» ба табъ расида буд. Китоби «Фитнаи инқилоб дар Бухоро»-ро адабиётшинос Масрури Абдуллоҳ аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Қаринаи русии китоб аз ҷониби Абдураҳмон Абдуманнонов ва писари муаллиф Рустам Шакурӣ таҳрир шудааст.«Фитнаи инқилоб дар Бухоро»-ро Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба забони русӣ бо номи «Империалистическая революция в Бухаре» бо теъдоди 650 нусха ва ба забони англисӣ ба унвони «The Imperialist Revolution in Bukhara» бо теъдоди 650 нусха дар нашриёти «Голд принт» аз чоп баровард. Китоби «The Imperialist Revolution in Bukhara»-ро Баҳриддин Ализода аз тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума карда, онро Джеймс Кларк ва писари муаллиф Анвар Шакурӣ таҳрир кардаанд. Дар китоби номбурда муаллиф бо нигоҳи нав воқеаҳои инқилоби Бухороро баррасӣ карда, муайян кардааст, ки он раванди табиию таърихӣ ва иҷтимоӣ набуда, балки истилои болшевикони Русия ва табадулоти давлатӣ будааст. Китоби мазкур ба китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ройгон тақсим карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






