Гуҷадур ва Калашев тренерони маҳаллиро омӯзиш доданд
Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11 мутахассиси тоҷик зимни як давраи омӯзишии чаҳоррӯза мавзуоти вобаста ба Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ /СТҶ/ доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитариро /СФС/ омӯхтанд. Давраи омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор гардид. Ин лоиҳа аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, онро Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МБТ/ амалӣ менамояд. Ҳадафи баргузории ин давраи омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии тренерони баргузида аз тафсилоти Созишномаи СТҶ доир ба СФС дар заминаи тиҷорат аст. Дар ин чорабинӣ мушовирони байналмилалии МТБ — Шиям Кумар Гуҷадур ва Эдил Калашев омӯзгори тренерони маҳаллӣ буданд. Ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ дар ҷараёни он фаъолона таҷрибаи соҳавӣ ва роҳҳои мутобиқ кардани барномаи таълимӣ барои соҳаи вижаро бо назардошти ниёзҳои кишвар омӯхтанд. Мушовири байналмилалӣ Шиям Кумар Гуҷадур мегӯяд: «тренерон бо Созишномаи СТҶ доир ба чораҳои СФС ва методологияи МТБ муфассалтар шинос шуданд ва дониши омӯзгории худро боло бурдаву дар анҷоми давра соҳиби сертификат гардиданд». Баъд аз анҷоми давраи омӯзишӣ 8 мутахассис ба ҳайси тренерҳои МБТ барои баргузории давраҳои маҳаллии омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар интихоб гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






